Баррасии масоили ҳамкории Душанбе ва Кишинёв дар Маскав

Зимни мулоқоти рӯзи 28 январи сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири тозатаъини Молдова дар Русия Думитру Брагиш масоили муҳиму рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Молдова мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, дар ҷараёни вохӯрӣ изҳори итминон шуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Молдова, ки манфиат ва […]



Зимни мулоқоти рӯзи 28 январи сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо сафири тозатаъини Молдова дар Русия Думитру Брагиш масоили муҳиму рӯзмарраи рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Молдова мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, дар ҷараёни вохӯрӣ изҳори итминон шуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Молдова, ки манфиат ва ҳадафҳои умумӣ доранд, минбаъд низ ба таҳкими ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва соҳаи гуманитарӣ мусоидат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот атрофи вазъ дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифта, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.