Таъсиси гурӯҳи дӯстӣ байни парлумони Тоҷикистон ва Кнессети Исроил

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ» баррасӣ мешаванд. Котиби матбуотии палатаи поёни парлумони ҷумҳурӣ Муҳамммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон», «Дар бораи […]



Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Дар бораи сиёсати давлатии саноатӣ» баррасӣ мешаванд.

Котиби матбуотии палатаи поёни парлумони ҷумҳурӣ Муҳамммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва ба Кодекси Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ оид ба беҳбуди идоракунии мубориза бо малах низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Ҳамчунин лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ «Дар бораи интихоби Бахтиёр Худоёрзода ба вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон» низ муҳокима мешавад.

Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон масъалаи таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Кнессет (мақоми қонунгузор, парлумон)-и Давлати Исроил ва миёни МНМО ҶТ ва Палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия баррасӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.