Созмонҳои журналистӣ мухолифи тағйирот ба қонун дар бораи ВАО

Чор созмони журналитии Тоҷикистон – Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» имрӯз 1 феврал изҳороте мунташир сохтанд, ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор мешавад. Дар изҳороти созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ қайд […]



Чор созмони журналитии Тоҷикистон – Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО, Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» имрӯз 1 феврал изҳороте мунташир сохтанд, ки дар он аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» нигаронӣ изҳор мешавад.

Дар изҳороти созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ қайд мешавад, ки тарҳи мазкур кӯшиши ҷомаи қонунӣ пӯшонидан ба сензура мебошад, ки хилофи Сарқонуни ҶТ аст. Тартиби боздошти фаъолияти расонаҳое, ки меъёрҳои ҳуқуқиро риоя намекунанд, дар қонунгузории ҷорӣ равшану фаҳмо оварда шудааст ва ҳеҷ зарурате ба тағйирот надорад.

Созмонҳои журналистӣ бар ин назаранд, ки дар сурати қабул шудан тарҳи мазкур зарбаи сахте ба матбуоти миллӣ гашта, рақобатпазирии расонаҳоро коҳиш дода, заминаи мусоидеро барои ғасби фазои иттилотии Тоҷикистон  аз ҷониби расонахои хориҷӣ дар марҳилаи ҳассоси мухолифатҳои минтақавию ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

«Чунин бархурд амнияти иттилотии кишварро зери суол бурда, ҳуқуқи мардуми Тоҷикистонро ба иттилоот ва озодии баён поймол мекунад», – омадааст дар изҳорот.

Дар лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни дар боло зикргардида гуфта мешавад, «агар дар мӯҳлати муайяншуда қонуншиканиҳое, ки асоси баровардани амри хаттӣ ё огоҳиномаи хаттӣ гаштаанд, бартараф карда нашаванд, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ метавонанд ба мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма дар хусуси боздоштани фаъолияти воситаҳои ахбори омма бо ариза муроҷиат намоянд. Дар ин маврид мақоми ваколатдори баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ дорад фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро ба мӯҳлати то се моҳ боздорад” (тағйирот  ба моддаи 12-1, банди 3)».

Зикр мегардад, ки ин тағйирот маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба мақомоти баҳисобгирии ВАО ва прокуратура имкони манъ кардани фаъолияти дилхоҳ расонаҳоро дода, амалан пиёдагардонии тартиби ғайрисудии манъи кору фаъолияти ВАО аст.

Дар хотима аз Ҳукумати ҶТ ва Маҷлиси Олии ҶТ дархост мешавад, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Сарқонуни ҶТ аз қабули тағйироти пешниҳодшуда худдорӣ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.