Муовини аввали вазири молияи ҶТ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки ҳукумати кишвар имсол низ ба амалисозии нақшаи тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ идома медиҳад ва ин масъала дар ҷаласаи ҳукумат ва ҳамчунин Вазорати молия баррасӣ шудааст.
«Тибқи пешгӯиҳо, имсол аз авҷ ва ба қуллаи баландтарин расидани буҳрон интизорӣ меравад, аз ҷумла дар кишварҳое, ки мо бо онҳо робитаҳои зичи иқтисодиву тиҷоратӣ дорем. Аз ин рӯ мо ба амалисозии тадбирҳои зиддибӯҳронӣ идома медиҳем», – гуфт ӯ.
Таъкид шуд, ки аввали соли гузашта ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул кард, ки дар доираи он аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ амал мекард.
Каримзода зикр кард, ки дар нақшаи зиддибуҳронӣ аз ҷумла сарфаи воситаҳои буҷетӣ аз ҳисоби кам кардани ҳаҷми хароҷотҳои дуюмдараҷа пешбинӣ шудааст. «Ба хароҷотҳои дуюмдараҷа аз ҷониби корхонаву муассисаҳои давлатӣ харидани мебел, автомашинаҳои хизматӣ ва ҳамчунин сохтмони иншооти начандон муҳим ва ғайра дохил мешаванд», – иброз дошт номбурда.
Муовини вазир таъкид дошт, ки соли гузашта аз ҳисоби кам кардани хароҷотҳои дуюмдараҷа 270 млн. сомонӣ маблағ сарфа шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки сарфаи ин маблағҳо ба Агентии захираҳои моддӣ имкон дод, ки корхонаву ташкилотҳои давлатиро бо маҳсулоти нафтӣ ва дигар маводи зарурии нисбатан арзон таъмин кунад.





