Муовини роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идизода имрӯз ба журналистон дар шарҳи
аризаи адвокат Солиҷон Ҷӯраев
оид ба шаҳрванди Чин, директори ҶДММ «Сад Дарё» Ин Сюандэ, ки рӯзи 16 июли соли 2015 аз ҷониби Агентии мазкур дар Душанбе ба ҳабс гирифта шуд, изҳор намуд, ки дар ин изҳорот адвокат ба дурӯғи маҳз роҳ дода, афкори ҷамъиятиро ба гумроҳӣ андохтанист.
Ба гуфтаи муовини роҳбари Агентӣ, шаҳрванди Чин барои он ба ҳабс гирифта шуд, ки бо миёнаравии тарҷумонаш ба корманди Агентӣ 3 млн. сомонӣ пора доданӣ буд, зеро ин корманд фаъолияти моливу хоҷагидории «Сад Дарё»-ро месанҷид.
«Адвокат дурӯғ мегӯяд, ки муддати 6 моҳ ба шаҳрванди ҳабсшудаи Чин айбнома пешниҳод нашудааст, – қайд кард Идизода. – Пас аз 10 рӯзи боздошт ба ӯ айбнома пешниҳод шуда буд».
Дар идома намояндаи Агентии зиддифасод зикр кард, ки шаҳрванди боздоштшудаи Чин ҳеҷ гоҳ ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузор набуд. «Ҳамаи воситаҳои ҶДММ «Сад Дарё» ба давлати мо тааллуқ доранд. Ғайр аз ин, гуфтаҳои адвокат дар бораи ошкор кардан ва ба ҳукуматдорон супурдани порагир – корманди Агентии зиддифасод низ дурӯғанд», – таъкид дошт Идизода.
Дар ин робита ӯ қайд кард, ки корманди Агентӣ худаш ба таври хаттӣ ба роҳбарият муроҷиат кард, ки шаҳрванди Чин ба ӯ пора пешниҳод кардааст. «Гузашта аз ин, пораро шаҳрванди Чин на дар дохили автомашинааш, чуноне ки адвокат мегӯяд, балки дар ҳуҷраи корӣ пешниҳод намуда, ҳамаи ин дар навори видео сабт шудааст», – гуфт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки имрӯз тафтишот муайян кардааст, ки ҶДММ «Сад Дарё» таҳти раҳбарии шаҳрванди Чин дар ҳаҷми 32,5 млн. сомонӣ зиёни молӣ расонида, ҳамчунин истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетӣ ба маблағи 16 млн. сомонӣ ошкор шудааст.





