Санаи 2 феврал ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2015, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, 16 ҳазору 500 долларашро баргардонида, боқимонда 33 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, ҳамин тариқ, марди 39-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур низ ба ШВКД муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2011, марди 32-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 200000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2013 марди 34-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Ренҷровер”, ки арзишаш 63 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта 30 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ҳамин рӯз ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 59-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки моҳи январи соли 2014 марди 39-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 500000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, марди 63-солаи сокини шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2013 марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 10500 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.





