Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) зимни як амалиёти махсус ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокинони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон хонандаи синфи 11 мактаби рақами 11-и ҳамин ноҳия Алишер Абдуҳафизи 17-сола ва донишҷӯи литсейи маҳаллӣ Раҳималии Шарифи 19-соларо боздошт намуданд.
Бино ба иттилои
АМИТ Ховар»
бо такя ба маълумоти КДАМ ҶТ, тибқи нишондоди Раҳималии Шариф аз дохили пинҳонгоҳи махсус, воқеъ дар мавзеи «Дашти ришқа»-и деҳаи Ёли ноҳия 17 килограмм маводи нашъаовари афюн ва 15 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки онҳо бо қочоқчии афғон Назрихудо валади Паҳлавондарё созиши ҷиноятӣ баста, бар ивази маводи мухаддир рафиқ ва ҳамдеҳаи худ Аҳмадшоҳ Шеровро (соли таваллудаш 1997) ба нашъаҷаллобони афғон ба гарав гузоштаанд.
Гуфта мешавад, кормандони КДАМ бо баргузор намудани амалиёти махсус Аҳмадшоҳ Шеровро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё озод карда, ба ватан баргардониданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳоло нисбат ба дастдоштагон дар ин ҷиноят мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.



