Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқро маҳкум кард

Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқи Сурияро маҳкум карда, даъват намуд, ки масъулони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , ҳамчунин дар изҳороти аъзои Шӯрои амният, азсаргирии ҳарчи зудтари музокироти сулҳомези Сурия гуфта шудааст. «Аъзои Шӯрои амният ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқро, ки масъулияти онҳоро […]

АМИТ «Ховар»



Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқи Сурияро маҳкум карда, даъват намуд, ки масъулони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, ҳамчунин дар изҳороти аъзои Шӯрои амният, азсаргирии ҳарчи зудтари музокироти сулҳомези Сурия гуфта шудааст.

«Аъзои Шӯрои амният ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқро, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифт, қотеъона маҳкум карданд», — зикр шудааст дар изҳорот.

Бино ба маълумоти охир, бар асари ин ҳамлаҳои террористӣ 166 нафар ҳалок гардида, садҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аъзои Шӯрои амният ба пайвандони қурбониён ва мардуми Сурия изҳори тасаллият карда, иброз доштанд, ки масъулони ин ҳамлаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Шӯрои амнияти СММ бори дигар изҳори нигаронӣ намуд, ки фаъолияти ҷангиёни хориҷии ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва «Ал-Қоида» ҳамроҳшуда ҳанӯз ҳам дар Сурия идома дорад.

Шӯрои амният ҳамчунин ба азсаргирии ҳарчи зудтари музокироти ҷонибҳо дар доираи СММ ва ҳалли фаврии расонидани кумаки башардӯстона ба ҳамаи муҳтоҷон, алалхусус ба минтақаҳои дастнорас даъват кард.

Ёдрас мешавад, ки тибқи қатъномаи 2254-и Шӯрои амнияти СММ музокирот миёни ҳукумати Сурия ва намояндагони мухолифони ин кишвар дар Женева рӯзи 29-уми январ оғоз гардид. Намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия рӯзи 3-юми феврал изҳор дошт, ки дар музокироти сулҳомези Сурия дар Женева муваққатан танаффус эълон шуда, даври нави он 25-уми феврал ба нақша гирифта шудааст.

«Аъзои Шӯрои амнияти СММ бори дигар риояи пурраи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ваҳдати Сурияро тасдиқ намуданд» — омадааст дар изҳороти Шӯрои амният.

Тибқи изҳороти муштараки ИМА ва Русия оид ба Сурия, оташбас миёни неруҳои давлати Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф бояд аз 27-уми феврал оғоз гардад. Аз ин оташбас гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва воҳидҳои дигари аз ҷониби СММ террористӣ эътирофшуда истисно мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".