Ҳукми 13 соли зиндон ба як зани тоҷик барои иштирок дар ҷангҳои Сурия

Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, сокини шаҳри Душанбе, зани 33-сола Заррина Сардорова барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Сурия ба 13 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд. Заррина Сардорова моҳи октябри соли гузашта ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон аз Сурия тариқи Туркия дар шахри Душанбе боздошт шуда буд. Он замон Заррина Сардороваи дар […]



Бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, сокини шаҳри Душанбе, зани 33-сола Заррина Сардорова барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Сурия ба 13 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.

Заррина Сардорова моҳи октябри соли гузашта ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон аз Сурия тариқи Туркия дар шахри Душанбе боздошт шуда буд.

Он замон Заррина Сардороваи дар Сурия ҳузурдошта, ки дар як вақт се шавҳар доштааст, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархост намуда буд, ки ӯро наҷот диҳанд.

Дар гузориши телевизонӣ, ки аз ҷониби ВКД Тоҷикистон таҳия шуда, рӯзи 30 июни соли 2015 тариқи шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуд, таъкид мешавад, ки аввали моҳи январ ин зан ба модар ва шавҳараш изҳор намудааст, ки муддати як ҳафта барои истироҳат ба Туркия меравад. Шавҳари ӯ Рустам Раҳмонов барои сафари ҳамсараш ба Истамбул аз бонк дар ҳаҷми 3 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтааст.

Вақте ки дар муҳлати муқарраршуда зан ба Душанбе барнамегардад, кормандони ВКД Тоҷикистон муайян мекунанд, ки ӯ дар қаламрави Сурия қарор дорад.

«Муайян карда шуд, ки ҳангоми иқомат дар Душанбе зан дар як вақт ду шавҳар дошта, маросими никоҳи ӯ бо шавҳари дуюмашро роҳбари бахши ҲНИТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузаронидааст», – қайд шуда буд дар гузориши телевизионӣ.

Ҳамчунин дар гузориши телевизионии ВКД Тоҷикистон таъкид шуда буд, ки ҳангоми дар Сурия қарор доштанаш З.Сардорова ба марди сеюм ҳам ба шавҳар баромадааст.

Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ин зан аз ҳукуматдорони Тоҷикистон таваллову зорӣ карда буд, ки ӯро наҷот дода, ба бозгашташ ба ватан мусоидат намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".