Азми сафар ба Сурия занони тоҷикро кунҷи зиндон бурд

Радиои Озодӣ



Се зан аз ноҳияи Қубодиён, ки яке аз онҳо хушдоман ва дуи дигар келинанд ва инчунин як зан аз шаҳри Исфара барои қасди сафар ба Сурия равонаи зиндон шудаанд.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Адолат Шербекова, сокини 60-солаи ноҳияи Қубодиёнро ҳамроҳ бо ду келинаш – Дилафрӯзу Олмахон ва як сокини Исфара Қумрӣ Мӯъминова ба ҷурми қасди сафар ба Сурия мутаносибан аз 5 то 6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Мирзо Одиназода, додраси парванда, ба

Радиои Озодӣ

дар ин робита гуфтааст, ба далели он ки ҳукм ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифтааст, дар ин бора тафсилот дода наметавонад. Аммо як манбаи Озодӣ изҳор доштааст, ки ин чаҳор зан бо даъвати яке аз писарони Адолат Шербекова қасди сафар ба Сурияро доштаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин занҳо бар асоси ду моддаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла убури ғайриқонунии марз айбдор шуда, кӯдакони хурдсоли Дилафрӯзу Олмахон Шербековаҳо ва Қумрӣ Мӯъминова, ки ҳатто яке аз онҳо ҳамагӣ як сол доштааст, барои тарбият ва нигоҳубин ба дасти бибиҳои модариашон супурда шудаанд. Ҷузъиёти аз ин бештари қазияи чор зани ба қавли мақомот роҳии Сурия ҳанӯз мушаххас нест.

Гуфта мешавад, қаблан мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри изҳороти расмӣ гуфта буданд, ки Адолат Шербекова ҳамроҳи ду келинаш ва як сокини Исфара Қумрӣ Мӯъминова ҳамроҳи чаҳор кӯдаки хурдсол дар наздикии марзи Қирғизистон боздошт шудаанд. Ба иттилои мақомот, ду шаҳрванди Қирғизистон – Ҷаҳонгир Курмишев ва Канибек Мийманов – қасд доштаанд, ки ин занҳоро аввал ба кишвари худ ва сипас ба Сурия фиристанд.

Дар пайи ин ҳодиса мақомоти Тоҷикистон Ҷаҳонгир ва Канибекро боздошт карда, дертар онҳоро ба кишварашон истирдод намуданд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфта буд, “шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон қасд доштаанд, сокинони Қубодиён ва Исфараро ғайриқонунӣ аз хатти сарҳади Тоҷикистон гузаронда, ба шаҳри Бишкек дастрас намуда, бо тайёр намудани ҳуҷҷатҳои қалбакии тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи ҳавопаймо аз фурудгоҳи Бишкек ба Туркия ва сипас дар оянда бо мақсади иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиёти ҷангӣ ба Сурия сафарбар намоянд.”

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...