Манъи пешниҳоди қарзҳо бо доллар дар Қирғизистон

Аз рӯзи 28 феврал қарори Бонки миллии Қирғизистон дар бораи манъи пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ва истеъмолӣ бо доллари ИМА мавриди амал қарор гирифт. Ин қарор аввали моҳи феврал қабул шуда, ба ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад. Тибқи ин қарор, онҳо ба додани қарзҳои ипотека ва истеъмолӣ бо доллари ИМА дигар ҳуқуқ […]



Аз рӯзи 28 феврал қарори Бонки миллии Қирғизистон дар бораи манъи пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ ва истеъмолӣ бо доллари ИМА мавриди амал қарор гирифт.

Ин қарор аввали моҳи феврал қабул шуда, ба ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад. Тибқи ин қарор, онҳо ба додани қарзҳои ипотека ва истеъмолӣ бо доллари ИМА дигар ҳуқуқ надоранд.

Қаблан президент Алмазбек Атамбоев ба Бонки миллӣ ва ҳукумати кишвараш дастур дода буд, ки ҷиҳати ҳимояи аҳолӣ аз босуръат ва тез-тез тағйирёбии қурби асъори миллӣ тадбирҳо андешанд. Вобаста ба ин дастур Бонки миллӣ ва ҳукумат ба гузаронидани қисмате аз қарзҳои ипотекӣ бо доллар ба сом тибқи қурби пешина шурӯъ карданд.

Зикр гардида буд, ки аз ин барномаи ҳукумат 2,8 ҳазор қарзгирифтагон, ки дар робита ба поинравии қурби асъори миллӣ ба мушкилот дучор шуданд, истифода карда метавонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.