Заминҷунбиҳои ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ ба осеб дидани қитъаи қариб 14-метраи нақби Шаҳристон боис гардиданд.
Аз Вазорати нақлиёти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии қитъаҳои осебидаи нақб бар асари заминларза идома доранд.
Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ зикр карданд, ки дар ин қитъа қисман бетон фурӯ рафта, аммо сохтори бардорандаи оҳану бетонӣ зарар надидааст.
«Ҳозир корҳои бетонрезӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, ҳаракати нақлиёт тариқи нақб шабона сурат мегирад. Рӯзона автомашинаҳо тавассути накби ҳавогузар ҳаракат мекунанд», – гуфтанд дар вазорат.
Зимнан зикр гардид, ки анҷоми корҳои таъмиру барқарорсозии қитъаҳои аз заминларза осебдидаи нақб ояндаи наздик дар назар аст.
Лозим ба зикр аст, ки нақби «Шаҳристон» бо масофаи беш аз 5,2 километр моҳи октябри соли 2012 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин иншоотро ширкатиChuna Road-и Чин бунёд карда, арзиши лоиҳа 430 млн. сомониро ташкил дод.



