Вазорати энергетика воридоти бензин аз Эронро рад мекунад

Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ маълумот дар бораи воридоти омехтаи бензин дар ҳаҷми 2,9 млн. литр (тақрибан беш аз 2,5 ҳазор тонна) ба Тоҷикистонро дар моҳи январи соли ҷорӣ рад мекунад. Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО-и хориҷӣ бо истинод ба Ширкати миллии нафтии Эрон (NIOPDC) дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистону […]



Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ маълумот дар бораи воридоти омехтаи бензин дар ҳаҷми 2,9 млн. литр (тақрибан беш аз 2,5 ҳазор тонна) ба Тоҷикистонро дар моҳи январи соли ҷорӣ рад мекунад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ВАО-и хориҷӣ бо истинод ба Ширкати миллии нафтии Эрон (NIOPDC) дар ин робита

иттилоъ дода буданд

, ки Тоҷикистону Эрон дар бораи интиқоли омехтаи бензин ба мувофиқа расида, айни замон Эрон аллакай ба Тоҷикистон 2,9 млн. литр ин навъи омехтаи бензинро таҳвил додааст ва минбаъд ҳаҷми воридот меафзояд.

Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати истихроҷ, коркард ва таҳвили нафту гази Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ Ёраҳмад Бегаҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин маълумот асоси воқеъӣ надорад. «Аввал бояд бигӯям, ки барои қабули чунин ҳаҷми бензин алҳол дар мо зербинои зарурӣ вуҷуд надорад», – гуфт ӯ.

Дар идома номбурда изҳор кард, ки ин навъи омехтаи бензин пеш аз истифода дар автомашинаҳо ба коркард ниёз дорад.

Бо такя ба маълумоти омории Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Ё.Бегаҳмадов қайд кард, ки соли 2015 аз Эрон ба Тоҷикистон ҳамагӣ 258 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, моҳи январи соли равон ба ҷумҳурӣ 77 ҳазору 846 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Аз ҷумла ба ҷумҳурӣ маҳсулоти нафтӣ аз Русия (48 ҳазору 780 тонна ё худ 62,7% аз ҳаҷми умумӣ), Қазоқистон (18 ҳазору 606 тонна ё худ 23,9%), Туркманистон (10 ҳазору 47 тонна ё худ 12,9%), Беларус (62 тонна ё худ 0,1%), Қирғизистон (16 тонна), Украина (6 тонна) ва дигар кишварҳо (275 тонна ё худ 0,4%), аз ҷумла Эрон (242 тонна) ворид шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.