Созиши БАОР ва БОР оид ба маблағгузории муштараки лоиҳаҳо дар Тоҷикистон

ASIA-Plus



Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) ба лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 3 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, ҳайати ин бонк таҳти раҳбарии раиси раёсат Дмитрий Панкин бо сафари корӣ аз БОР боздид намудааст.

Роҳбари БАОР Дмитрий Панкин бо президенти БОР Такехико Накао маҷмӯи васеи масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо байни ду ниҳоди рушд дар самти фаъолият дар лоиҳаҳоро баррасӣ намуда, оид ба табодули таҷриба ва ташхис дар ин соҳа созиш ҳосил кардаанд.

«Ҷонибҳо Созишномаи қолабӣ дар бораи маблағгузории муштаракро ба имзо расониданд, ки самтҳои асосӣ ва механизмҳои ҳамкории мутақобила дар кишварҳои узви БАОР ва БОР-ро муайян мекунад. Дар санад зикр мегардад, ки бонкҳо ба амалисозии лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Таъкид мешавад, ки бо ин мақсад аз ҷумла БОР 2 млрд. доллари ИМА ва БАОР 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.