Созиши БАОР ва БОР оид ба маблағгузории муштараки лоиҳаҳо дар Тоҷикистон

Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) ба лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 3 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, ҳайати ин бонк таҳти раҳбарии раиси раёсат Дмитрий Панкин бо сафари корӣ аз БОР боздид намудааст. Роҳбари БАОР Дмитрий Панкин бо президенти БОР Такехико Накао […]



Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) ба лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 3 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БАОР, ҳайати ин бонк таҳти раҳбарии раиси раёсат Дмитрий Панкин бо сафари корӣ аз БОР боздид намудааст.

Роҳбари БАОР Дмитрий Панкин бо президенти БОР Такехико Накао маҷмӯи васеи масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо байни ду ниҳоди рушд дар самти фаъолият дар лоиҳаҳоро баррасӣ намуда, оид ба табодули таҷриба ва ташхис дар ин соҳа созиш ҳосил кардаанд.

«Ҷонибҳо Созишномаи қолабӣ дар бораи маблағгузории муштаракро ба имзо расониданд, ки самтҳои асосӣ ва механизмҳои ҳамкории мутақобила дар кишварҳои узви БАОР ва БОР-ро муайян мекунад. Дар санад зикр мегардад, ки бонкҳо ба амалисозии лоиҳаҳо дар қаламрави Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Таъкид мешавад, ки бо ин мақсад аз ҷумла БОР 2 млрд. доллари ИМА ва БАОР 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.