Дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як ташкилоти қарзӣ фаъолияташро қатъ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” қатъ карда шуд.
Гуфта мешавад, асос барои қатъи фаъолияти ин ташкилот иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ мебошад. Дар ин робита БМТ иҷозатномаи ин ташкилоти қарзии хурдро барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд мекунад.
Мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шудааст, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, комиссия вазифадор карда шудааст, ки ба БМТ ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
Қобили зикр аст, ки «Меҳробод» ташкилоти дуюмест, ки аз оғози сол аз низоми бонкии Тоҷикистон хориҷ мешавад. Қаблан аввали моҳи феврал фаъолияти ҶДММ ТҚХ «Ҳамдастӣ» қатъ гардида буд. Охири соли гузашта ҳудуди 15 ташкилоти қарзӣ фаъолияти худро қатъ карда буданд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, бидуни назардошти ТҚХ «Меҳробод», айни замон дар Тоҷикистон 37 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.





