Баррасии ҳудуди 50 қонун дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад. Қаблан таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, дар он баррасии 33 қонун дар рӯзномаи иҷлосия, ки қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, тасдиқ гардид. Ғайр аз […]



Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мешавад.

Қаблан таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ доир гардида, дар он баррасии 33 қонун дар рӯзномаи иҷлосия, ки қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, тасдиқ гардид.

Ғайр аз ин, аъзои Маҷлиси миллӣ масоили марбут ба табдили номи як қатор шаҳру навоҳӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунанд.

Бо пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ имрӯз дар палатаи болоии парлумон масъалаи ба ифтихори Пешвои миллат Раҳмонобд номгузорӣ шудани шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон баррасӣ мешавад. Ин шаҳрак бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардид.

Дар иҷлосия баррасии қарори ҳукумат дар бораи тағйири номи як қатор шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофии кишвар низ дар назар аст, ки аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон 1 феврал пешниҳод гардида буд.

Тағйири номи як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқи зайл пешниҳод шудааст:

Ноҳияи Ҳисор – шаҳри Ҳисор;

Ноҳияи Тавилдара – ноҳияи Сангвор;

Ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш;

Ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;

Ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ;

Ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун;

Ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;

Шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон;

Шаҳри Чкаловск – шаҳри Бӯстон;

Ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич;

Обанбори Қайроққум – обанбори Баҳри тоҷик.

Дар иҷлосия ҳамчунин масъалаи таъсиси микрорайонҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин дар иҷлосия прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар бораи вазъи риояи қонуният давоми соли гузашта дар ҷумҳурӣ ҳисобот медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.