Қатъи фаъолияти боз як ташкилот дар низоми бонкии Тоҷикистон

Дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як ташкилоти қарзӣ фаъолияташро қатъ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” қатъ карда шуд. Гуфта мешавад, асос барои қатъи фаъолияти ин ташкилот иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи […]



Дар низоми бонкии Тоҷикистон боз як ташкилоти қарзӣ фаъолияташро қатъ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Меҳробод” қатъ карда шуд.

Гуфта мешавад, асос барои қатъи фаъолияти ин ташкилот иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ мебошад. Дар ин робита БМТ иҷозатномаи ин ташкилоти қарзии хурдро барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ бозхонд мекунад.

Мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор карда шудааст, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис дода, комиссия вазифадор карда шудааст, ки ба БМТ ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Қобили зикр аст, ки «Меҳробод» ташкилоти дуюмест, ки аз оғози сол аз низоми бонкии Тоҷикистон хориҷ мешавад. Қаблан аввали моҳи феврал фаъолияти ҶДММ ТҚХ «Ҳамдастӣ» қатъ гардида буд. Охири соли гузашта ҳудуди 15 ташкилоти қарзӣ фаъолияти худро қатъ  карда буданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии БМТ, бидуни назардошти ТҚХ «Меҳробод», айни замон дар Тоҷикистон 37 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.