Таваҷҷуҳи БИР ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон

Ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) ҷиҳати омӯзиши лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон бо сафари якҳафтаина ба ҷумҳурӣ ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ),  2 марти соли ҷорӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари ҳайати Гурӯҳи БИР, директори барномаҳои кишварӣ Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати дидору гуфтушунид кард. Муовини якуми раиси […]



Ҳайати Гурӯҳи Бонки исломии рушд (БИР) ҷиҳати омӯзиши лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон бо сафари якҳафтаина ба ҷумҳурӣ ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ),  2 марти соли ҷорӣ муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо роҳбари ҳайати Гурӯҳи БИР, директори барномаҳои кишварӣ Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати дидору гуфтушунид кард.

Муовини якуми раиси БМТ аз муносибатҳои дуҷонибаи мавҷуда қаноатмандии худро баён намуда, омодагии низоми бонкии мамлакатро ба ҳамкории боз ҳам зичу судманд бо Бонки исломии рушд иброз дошт ва аз меҳмонон даъват ба амал овард, ки дар ин самт корро боз ҳам ҷонноктар намоянд.

Нуралиев таъкид кард, ки дар айни замон Бонки миллии Тоҷикистон ба мусоидат барои пешниҳоди кӯмаки машваратӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии бонкдории исломӣ ва бозомӯзии мутахассисони бонкӣ ниёз дорад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои бештари ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, расонидани кӯмакҳои техникӣ, таҳия ва дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар бахши бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муҳаммад Ҷамал Ал-Саати зикр кард, ки барои ба таври мушаххас ва мукаммал муайян кардани самтҳои ҳамкорӣ моҳи апрели соли равон гуруҳи мутахассисони касбии Бонки исломии рушд ба Душанбе меояд.

Ҳамчунин зимни вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат (ITFC), Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD), ки шомили ҳайати номбурда мебошанд, паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро баррасӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.