Сафири Тоҷикистон ба шоҳи Белгия эътимоднома супурд

Сафири Тоҷикистон дар Белгия Эркинхон Раҳматуллозода рӯзи 2 март дар кохи «Брюссел» ба шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария эътимодномаҳои худро супурд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Белгия, пас аз маросими тақдими эътимодномаҳо Э.Раҳматуллозода ба шоҳи Белгия дуруди паёми самимии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Зимни мулоқот сафир манфиатдории кишварашро ба густариши муносибатҳо […]



Сафири Тоҷикистон дар Белгия Эркинхон Раҳматуллозода рӯзи 2 март дар кохи «Брюссел» ба шоҳи Белгия Филипп Леополд Людовик Мария эътимодномаҳои худро супурд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Белгия, пас аз маросими тақдими эътимодномаҳо Э.Раҳматуллозода ба шоҳи Белгия дуруди паёми самимии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Зимни мулоқот сафир манфиатдории кишварашро ба густариши муносибатҳо байни давлатҳо ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ изҳор намуд.

Шоҳи Белгия ба вазъ дар минтақа, бахусус дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки кишвараш ба тавсеъаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон омода аст.

Ҳамчунин шоҳи Белгия аз сафир дархост кард, ки дуруду паёми самимии ӯро ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.