«Истиқлол» бе 2 бозигари асосӣ ба Лубнон рафт

Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» рӯзи 6 март ба Лубнон ворид шуд. Дар ин ҷо дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 8 март бо дастаи «Триполи» бозӣ мекунад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик ба Триполи бидуни ду бозигари асосиашон – ҳимоятгари марказӣ Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев рафтаанд. […]



Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» рӯзи 6 март ба Лубнон ворид шуд. Дар ин ҷо дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 8 март бо дастаи «Триполи» бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик ба Триполи бидуни ду бозигари асосиашон – ҳимоятгари марказӣ Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев рафтаанд.

Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Quality inn» ҷойгир шуда, тамрини нахустини худро гузаронид. Ҳайати «Истиқлол» дар ин сафар аз 16 нафар иборат аст.

Бозии даври дуюми Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои «Триполи»-и Лубнон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон 8 март соати 15-00 ба вақти маҳаллӣ (18-00 – ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи шаҳри Триполи доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.