Анҷоми ду лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Ховалинг

Иттилоияи расмӣ



Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва дар маросими анчом ёфтани ду лоиҳаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)”, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузори шуда буданд, ширкат варзид. Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг низ дар маросимхои номбурда ширкат варзид.

Сараввал маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба шаш деҳоти ҷамоати «Лоҳутӣ», ноҳияи Ховалинг» баргузор шуд. Барои татбиқи лоиҳа маблағи 99,468 доллари ИМА ба хокимияти махалии нохияи Ховалинг ҷудо шуд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур мардуми ҷамоат соҳиби маҷмӯи техникаи кишоварзӣ гардиданд ва дар натиҷа сатҳи рушди бахши кишоварзӣ хеле бехтар гашт. Бо истифода аз таҷҳизоти нав, пз ҷумла комбайни дарав, ҳоло деҳқонон метавонанд хаҷми зиёди махсулоти зироатиро дар 6 деҳаи ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ саривақт ҷамъ намуда талафоти ҳосилро хеле кам кунанд.

Худи ҳамон рӯз маросими анҷом ёфтани “Лоињаи барқарор намудани канали обёрӣ дар ҷамоъати “Сари Осиёб”-и ноҳияи Ховалинг” баргузор гардид. Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатии ноҳияи Ховалинг 118,488 доллари ИМА ҷудо намуд. Феълан бо анҷоми бомуваффақи лоиҳа, канали обёрӣ дар ҷамоати “Сари Осиёб” пурра барқарор шуда, барои баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани вазъи зиндагии мардуми ин махал мусоидат менамояд. 

Дар баробари Нурулло Мирзозода ва Такаши Камада дар маросимҳои фавқуззикр кормандони ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, деҳқонон ва мардуми маҳаллӣ иштирок доштанд. Дар ин маросимҳо Камада қайд намуд, ки лоиҳаҳои кӯмакҳои башарӣ хамчунин далели равшани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мебошанд. Мирзозода миннатдории хеш ва мардуми нохияро ба ҳукумати Ҷопон барои дастгирии доимӣ ба беҳтар гардонии шароити зисти мардуми ноҳия изҳор намуд.   

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...