Шаҳрванди Қазоқистон молики саҳмияҳои Зайд Саидов шуд

49%-и саҳмияҳои Зайд Саидов дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Рос Азия Инвест», ки маркази савдои «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе ба он мутааллиқ аст, ба ихтиёри шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев гузаштанд. Ин ҳисса дар ширкати Русияву Тоҷикистон амалан ба сифати пардохти қарзи З.Саидов ба Окушев истифода карда шудааст. Дар ин хусус дар муроҷиатномаи Латофат Тоирова, ҳамсари соҳибкори маҳкумшуда […]

ASIA-Plus



49%-и саҳмияҳои Зайд Саидов дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Рос Азия Инвест», ки маркази савдои «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе ба он мутааллиқ аст, ба ихтиёри шаҳрванди Қазоқистон Серикбол Окушев гузаштанд. Ин ҳисса дар ширкати Русияву Тоҷикистон амалан ба сифати пардохти қарзи З.Саидов ба Окушев истифода карда шудааст.

Дар ин хусус дар муроҷиатномаи Латофат Тоирова, ҳамсари соҳибкори маҳкумшуда иттилоъ дода шудаааст, ки ӯ ба унвони президенти Тоҷикистон фиристодааст, то ки таваҷҷуҳи ӯро ба қазияи корхонаи «Рос Азия Инвест»-и Русия ва Тоҷикистон ҷалб намояд. Матни муроҷианомаи ҳамсари соҳибкор дар сомонаи

хабаргузории «Озодагон»

интишор шудааст.

ҶСП «Рос Азия Инвест» соли 2007 таъсис дода шуда, 49%-и саҳмияҳои он ба Зайд Саидов ва боқимонда 51%-и он ба писари Олег Сосковетс, собиқ муовини нахуствазири Русия тааллуқ доштанд. Соли 2010 дар ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва моликони корхона маросими ифтитоҳи маркази савдои «Пойтахт» доир гардид.

Бо қарори Суди олии ҶТ аз 26 декабри соли 2013 саҳмияҳои Зайд Саидов дар ин корхонаи муштарак бояд миллӣ мешуданд.

«То ин дам низ, яъне то эълон шудани ҳукми суд, даромади Ширкат аз иҷораи Маркази зикршуда дар ҳачми 49%-и ҳиссаи ҳамсарам ба суратҳисоби ҳамон Агентӣ интиқол меёфт, зеро бо қарори Агентӣ ба ҳабс гирифта шуда буд. Бо мақсади аз ҳабс озод намудани амвол ва бо истифода аз ҳуқуқу масъулияти ҳамсарӣ ҳанӯз 26 июни соли 2014 ман – Тоирова Латофат бо даъво ба суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе муроҷиат намуда будам. Вале то ба имрӯз тақдири ин муроҷиат маълумам нест – аз суд ягон ҷавобе нагирифтаам», – омадааст дар муроҷиатномаи Тоирова.

Гуфта мешавад, 21 феврали соли 2016 ба намояндаи ман Табаров И. нусхаи ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки санаи қабул шуданаш гӯиё 2 сентябри соли 2015 аст, пешниҳод гардид. «Тибқи ин ҳуҷҷат гӯиё таҳти раисии муовини раиси суди номбаршуда аризаи даъвогии шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев Серикбол Тулеханович баррасӣ шуда бошаду аз ҳисоби Саидов З.Ш. ба фоидаи ин шахс як милиону сивунуҳ ҳазору шашсаду ҳаштоду як (1039681,01) доллари амрикоӣ рӯёнида шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз 26 декабри соли 2013 бо ҳукми суд ба фоидаи Окушев С.Т. аз ҳисоби Саидов З.Ш. рӯёнидани ҳамагӣ 400 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар карда шуда буд», – қайд мешавад дар муроҷиатнома.

Зикр мегардад, ки бо ҳалномаи судиҷрочии суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, 49% ҳиссаи  Саидов З.Ш.-ро дар ҶСП “Рос Азия Инвест” ба номи шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев С.Т. расмӣ кунонида, ин шахс соҳибмулк эътироф шудааст ва аз ин хусус низ танҳо 25 феврали соли 2016 намоянда ҳамсари соҳибкор  Табаров И.Х.аз ҶСП “Рос Азия Инвест” хабар ёфтааст.

Дар муроҷиатнома Латофат Тоирова мегӯяд, чӣ гуна қарзе, ки ҳаҷмаш бо ҳукми эътиборпайдокардаи суд 400 ҳазор доллари амрикоӣ эътироф шудааст, ба 1039681,01 (як милиону сиюнуҳ ҳазору шашсаду ҳаштоду як) доллари амрикоӣ табдил меёфтааст. «Ин қудрату тавоноии дар назари аввал сеҳрангези шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон Окушев С.Т.-ро боистифода аз кадом ақлу мантиқи ҳатто соддатарин метавон маънидод намуд? Ё шояд ин баландҳимматии мақомоти Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷа, ки бо пушти по задани ҳама гуна қонуну қонуният сурат гирифтааст, ҳаққи подош барои “гапгиру гаправо” будани ин шахс аст?», – савол мегузорад ӯ.

Латофат Тоирова дархост мекунад, ки мақомоти дахлдор санҷиши пурра ва ҳамаҷонибаи беғаразонаи қазияи мазкурро гузаронанд, зеро ба иддаои ӯ, дар мавриди мурофиаи судӣ на Зайд Саид ва на намояндагонаш тасаввуроте надоранд, “зеро касе онҳоро аз ин хусус на огаҳ кардаасту на даъват”.

Дар фарҷоми муроҷиатнома аз раисиҷумҳури кишвар хоҳиш шудааст, ба ин шикоят расидагӣ карда, барои дарёфти ҳақиқату адолат бо истифода аз салоҳияту ваколати волояш кумак кунад.


Қобили зикр аст, ки номи Серикбол Окушев дар парвандаи Зайд Саидов соли 2013 расонаӣ шуд, замоне, ки шаҳрванди Қазоқистон соҳибкори тоҷикро ба

гирифтани пора дар ҳаҷми 1,5 млн. доллари ИМА

барои мусоидат ба дастрасии иҷозатномаи истихроҷи тилло дар кони «Чоре»-и ноҳияи Айнӣ муттаҳам кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.