Анҷоми ду лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Ховалинг

Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва дар маросими анчом ёфтани ду лоиҳаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)”, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузори шуда буданд, ширкат варзид. Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг низ дар маросимхои номбурда ширкат варзид. Сараввал […]



Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод ва дар маросими анчом ёфтани ду лоиҳаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)”, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузори шуда буданд, ширкат варзид. Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг низ дар маросимхои номбурда ширкат варзид.

Сараввал маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани техникаи кишоварзӣ ба шаш деҳоти ҷамоати «Лоҳутӣ», ноҳияи Ховалинг» баргузор шуд. Барои татбиқи лоиҳа маблағи 99,468 доллари ИМА ба хокимияти махалии нохияи Ховалинг ҷудо шуд. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур мардуми ҷамоат соҳиби маҷмӯи техникаи кишоварзӣ гардиданд ва дар натиҷа сатҳи рушди бахши кишоварзӣ хеле бехтар гашт. Бо истифода аз таҷҳизоти нав, пз ҷумла комбайни дарав, ҳоло деҳқонон метавонанд хаҷми зиёди махсулоти зироатиро дар 6 деҳаи ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ саривақт ҷамъ намуда талафоти ҳосилро хеле кам кунанд.

Худи ҳамон рӯз маросими анҷом ёфтани “Лоињаи барқарор намудани канали обёрӣ дар ҷамоъати “Сари Осиёб”-и ноҳияи Ховалинг” баргузор гардид. Ҳукумати Ҷопон барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатии ноҳияи Ховалинг 118,488 доллари ИМА ҷудо намуд. Феълан бо анҷоми бомуваффақи лоиҳа, канали обёрӣ дар ҷамоати “Сари Осиёб” пурра барқарор шуда, барои баланд бардоштани соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани вазъи зиндагии мардуми ин махал мусоидат менамояд. 

Дар баробари Нурулло Мирзозода ва Такаши Камада дар маросимҳои фавқуззикр кормандони ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, деҳқонон ва мардуми маҳаллӣ иштирок доштанд. Дар ин маросимҳо Камада қайд намуд, ки лоиҳаҳои кӯмакҳои башарӣ хамчунин далели равшани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон мебошанд. Мирзозода миннатдории хеш ва мардуми нохияро ба ҳукумати Ҷопон барои дастгирии доимӣ ба беҳтар гардонии шароити зисти мардуми ноҳия изҳор намуд.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.