Гулпарварони Суғд наздики ним миллион гулҳои гуногунро пешниҳод карданд

Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ намоиш ва муаррифии навъҳои гуногуни гулҳо, ки дар гулхонаҳои вилоят парвариш карда мешаванд, баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар чорабинӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру навоҳӣ ҷиҳати шиносоӣ бо навъҳои  гул ва муассисаҳову […]



Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки раиси вилояти Суғд  Абдураҳмон Қодирӣ намоиш ва муаррифии навъҳои гуногуни гулҳо, ки дар гулхонаҳои вилоят парвариш карда мешаванд, баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар чорабинӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои манзилию коммуналии шаҳру навоҳӣ ҷиҳати шиносоӣ бо навъҳои  гул ва муассисаҳову соҳибкорони гулпарвари вилоят ширкат варзиданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳи гулҳо раиси вилоят ва меҳмонони чорабинӣ бо навъу намуди гулҳои аз ҷониби гулхонаҳо ва соҳибкорони гулпарвар пешниҳодшуда шинос гардиданд. Навъҳои «петуния», «тагетс», «марҷонгул», «вербана», «астра», «лола», «катарантус», «магнолия», «селозия» ва гулҳои бисёрсолаи хонагӣ аз ҷумлаи маҳсулоти зебоиофари намоишгоҳ буданд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки имрӯзҳо дар гулхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 2,3 миллион гулҳо парвариш карда мешаванд ва имрӯз наздик 500 ҳазор гулҳои гуногун ба намоиш-фурӯш гузошта шуд. Барои гулзор намудани вилоят муассисаҳои гулпарвар омодаанд, ки маҳсулоти хешро пешниҳод созанд.

Дар баробари шиносоӣ бо намуди гулҳо барои иштирокчиёни чорабинӣ тарзу усули шинонидани гулҳо дар мавзеъҳои гуногун ба таври амалӣ аз ҷониби мутахассисон намоиш дода шуд. Бояд гуфт, ки гулкорӣ кардан низ санъат аст ва дар ин маврид бояд тамоми хусусиятҳои он, аз ҷумла мутобиқати рангу бӯй ва табиати гулҳо ба инобат гирифта шавад. Намояндагони масъули шаҳру навохӣ дар ин чорабинӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои гулпарвар ҷиҳати харидории гулҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда шартномаҳо баста, аз ин иқдоми роҳбарияти вилоят изҳори мамнуният карданд.

Чорабинии мазкур инчунин дар доираи Барномаи вилоятии “Соли 2016 – соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” рӯи кор омада, гулзор намудани ҳудуди вилоят дар «Соли фарди солим» бешубҳа барои таъмини муҳити тозаву озода ва тароватбахш заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.