Имсол гирандагони ҷоизаи А.Лоҳутӣ эълон намешаванд

Ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад, имрӯз дар бинои Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он рӯзноманигорони беҳтарин бо мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин консерти устодони санъати кишвар доир мегардад. Тавре як манбаъ аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба «Азия-Плюс» дар […]



Ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола санаи 11 март таҷлил мегардад, имрӯз дар бинои Театри ҷавонони ба номи М.Воҳидов бо иштироки намояндагони ВАО ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, дар он рӯзноманигорони беҳтарин бо мукофотҳо қадрдонӣ ва ҳамчунин консерти устодони санъати кишвар доир мегардад.

Тавре як манбаъ аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дастандаркорони чорабинии мазкур – Вазорати фарҳанг ва ИЖТ ба чанде аз рӯзноманигорон мукофотҳо ва ҷоизаҳои ҳавасмандсозӣ тақдим мекунанд.

«Имсол дар ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик номи гирандагони нави ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ эълон карда намешавад. Ҷоизадорони нави ин мукофот дар остонаи ҷашни асосии кишвар – Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, ки 9 сентябр таҷлил мегардад, маълум хоҳад шуд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик аз санаи 11 марти соли 1912, рӯзи нашри шумораи нахусти газетаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ сарчашма мегирад. Қаблан дар замони шӯравӣ Рӯзи матбуот дар Тоҷикистон чун дар ҳамаи қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи 5 май ҷашн гирифта мешуд. Таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик дар санаи 11 март аз соли 1994 оғоз гардид.



Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҳамаи ҳамкасбонро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рӯзгори ободу қалами ҳамеша бурро таманно дорем!

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.