Иштироки Тоҷикистон дар таҳияи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СҲШ

Дар шаҳри Пекин рӯзи  15 марти соли 2016 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ кори худро оғоз намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи зикршуда ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовинивВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Маҳмадшариф Ҳакдод иштирок дорад. Гуфта […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Пекин рӯзи  15 марти соли 2016 дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ кори худро оғоз намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷаласаи зикршуда ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовинивВазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Маҳмадшариф Ҳакдод иштирок дорад.

Гуфта мешавад, дар рафти ин ҷаласа мавзӯъҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои сарони давлатҳо, Котибони Шӯроҳои амният, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ваколатдор шудаанд, пешниҳод мешаванд.

Зикр мегардад, ки инчунин масъалаҳои вобаста ба раванди узвияти Ҳиндустону Покистон ба СҲШ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.