Politico: Пентагон кумаки низомӣ ба Тоҷикистонро афзун мекунад

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист. Нашрияи Politico дар ин робита менависад , миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад. «Миёни кишварҳое, ки Пентагон ба онҳо […]


Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист.

Нашрияи Politico дар ин робита

менависад

, миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад.

«Миёни кишварҳое, ки Пентагон ба онҳо хоҳони кумак аст, Буркина-Фасо, ки дар он тибқи изҳороти Департаменти давлатӣ ҳуқуқҳои занонро поймол мекунанду нисбати маҳкумшудагон аз қувваи беҳад зиёд кор мегиранд ва ҳамчунин Тоҷикистон, ки ба андешаи ин мақомот, дар он аз шиканҷа ва «таъқиб нисбати фаъолони сиёсӣ» васеъ истифода мешавад, ҷой доранд», – қайд мешавад дар маводи нашрия.

Гуфта мешавад, соли гузашта Вазорати мудофиаи ИМА барои мусаллаҳ гардонидан ва омӯзиши низомиёни маҳаллӣ дар Амрикои Лотинӣ, Аврупои Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқи Наздик дар маҷмӯъ 11 млрд. доллари ИМА масраф кардааст.

Мутобиқи ин барномаҳо, барои анҷом додани амалиёти зиддитеррористӣ ва тақвияти ҳимояти марзҳо ба ин кишварҳо аслиҳаву таҷҳизот фиристода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.