Мақомоти интизомӣ ба хабардор кардани наздикони боздоштшуда уҳдадор мешаванд

Минбаъд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон эҳтимол ба хабардор кардани наздикону хешовандони шахсоне, ки ба гумони содир кардани ин ё он ҷиноят боздошт шудаанд, уҳдадор карда шаванд. Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки ба қонун «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» чунин тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шавад. Вакили палатаи […]



Минбаъд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон эҳтимол ба хабардор кардани наздикону хешовандони шахсоне, ки ба гумони содир кардани ин ё он ҷиноят боздошт шудаанд, уҳдадор карда шаванд.

Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки ба қонун «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» чунин тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда шавад.

Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлуда Қаландарзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар тағйироту иловаҳо уҳдадории мақомоти интизомӣ доир ба дар санад (протокол) сабт намудани ному насаби корманди мақомот, ки шахси гумонбарро бохздошт кардааст, пешбинӣ шудааст.

«Ғайр аз ин, дар санади боздошт ҳатман бояд дар бораи ба кадом хешу наздики шахси боздоштшуда хабар додан дар ин хусус ва кадом вақт сурат гирифтани он қайд гузошта шавад», – иброз дошт вакили парлумон.

Зимнан таъкид гардид, ки тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба ҳимояи ҳуқуқи шахсони гумонбар ба содир кардани ин ё он ҷиноят ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи масъулияти кормандони мақомоти интизомӣ, ки боздошт бо сабабҳои гуногун аз ҷониби онҳо сурат мегирад, нигаронида шудааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.