Пешгӯии ба давлати ҷиҳодӣ табдил ёфтани Тоҷикистон

ASIA-Plus



Коршиносони Клуби байнулмилалии мубоҳисавии «Валдай» таҳдиду хатарҳои асосиеро, ки Русия аллакай метавонад соли 2016 ба онҳо дучор гардад, муайян карданд.

Таҳдиди асосии стратегӣ ба Русия сиёсати ИМА баҳри заъиф сохтани он ва дар кишварҳои ҳамсоя таъсис додани давлатҳои амрикогаро унвон мешавад.

Миёни дигар хатарҳо – «фурӯравии яке аз кишварҳои заъиф ва камбизоати минтақаи Осиёи Марказӣ ва ба ҷойи он пайдо шудани қаламрави идоранашаванда зикр мегардад, ки дар он гурӯҳҳои мусаллаҳ бо шариати худ ҳукмронӣ мекунанд», – қайд мешавад дар ин гузориши коршиносон таҳти унвони «Таҳдидҳои байнулмилалӣ-2016», ки рӯзи 29 март дар шаҳри Маскав муаррифӣ шуд.

Дар гузориш бахусус ба хатари имконпазири рушди тамоилҳои манфӣ дар Тоҷикистон ишора шуда, зикр мегардад, ки дар он ҳукуматдорон нерӯи асосии мухолиф – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ мешуморанд.

«Дар партави поинравии рушди бахши сохтмон дар Русия, соли равон вазъ бештар дар Тоҷикистон мушкилтар мешавад, ки дар он ҳукумат бозиро шадид намуда, роҳи манъи мухолифони мунтазами исломиро пеш гирифтааст. Ин иқдом ба сифати риоя нашудани нигаҳдории вазъи мавҷуда (статус-кво), қоидаҳои заминавии сулҳу субот, ки ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 хотима бахшид, баррасӣ мешавад. Он замон ба ҳаёти сиёсӣ роҳ додани исломгароён ҳамчун шарти муҳимтарини қатъи муқовимат баррасӣ мешуд. Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба муқовимат бо Ҳизби исломӣ тақвият мебахшанд, ки он ба пайдоиши таҳдиди иттиҳоди он бо гурӯҳҳои бештар тундгаро боис мегардад. Эҳтимоли дубора сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ногузир Русияро ба дахолат маҷбур месозад», – изҳор доштаанд коршиносони «Валдай».

Онҳо бар ин назаранд, ки амалишавии сенарияи пайдоиши давлати ҷиҳодӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро метавон ба воситаи иқтисоди Русия пешгирӣ намуд. «Дар инқилоб ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ҷараёни инкишофи муайяни демографӣ вуҷуд дорад ва то он замоне, ки ҷавонмардон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Русия кор кардаву маблағ ба даст оварда метавонанд, ба гумон аст, ки таҳти шиори ҷиҳод ҳокимиятҳо дар сарзамини худро сарнагун созанд», – мегӯянд муаллифони гузориш.

Тафсилоти бештар доир ба

мулоҳизаҳои

коршиносони клуби «Валдай» дар ин хусусро аз сомонаи РБК метавон дарёт намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 25,4% ва нисбат ба як даҳсола пеш - 5,5 баробар зиёдтар мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 56

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...