Зуҳуров: Барои қочоқ бояд гумрукчиён масъулият дошта бошанд

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз мавқуф гузоштани баррасии бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки дар тағйирот афзоиши ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканӣ дар бахшҳои андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ […]



Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз мавқуф гузоштани баррасии бастаи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешниҳод намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода қайд кард, ки дар тағйирот афзоиши ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканӣ дар бахшҳои андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

«Доимо афзудани ҳаҷми ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани андоз ё қочоқи молу маҳсулот роҳи ҳалли мушкилот нест ва чунин тадбирҳо метавонанд ба муҳити соҳибкорӣ дар кишвар таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ пешниҳод дорам, ки баррасии ин масъала ба таъхир гузошта шавад, – гуфт Ш.Зуҳуров. – Минбаъд онҳо дар ҳузури роҳбарони мақомоти надоз ва гумрук баррасӣ мешаванд ва бигзор онҳо пешниҳодҳои худро асоснок кунанд».

Ӯ аз он ошуфтагӣ изҳор намуд, ки барои қочоқи молу маҳсулот на гумрукчиён, ки «ба қочоқбарон дарҳоро боз мекунанд», балки соҳибкорон бори масъулият мекашанд.

Вакилон пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳуриро дастгирӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.