Файзулло Баротзода: Давлати исломӣ ба бақои Тоҷикистон таҳдид мекунад

– Файзулло Баротзода , раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки фаъолиятҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» ба бақои Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил таҳдид мекунад, – менависад радиои Озодӣ . Коршиноси масоили исломӣ бар ин назар аст, ки «як қишри осебпазир дар муқобили даъватҳои мабнӣ бар дурӯғи мубаллиғони созмонҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» ҷавонони кӯҳистонианд, ки […]

Радиои Озодӣ



– Файзулло Баротзода , раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки фаъолиятҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» ба бақои Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил таҳдид мекунад, – менависад

радиои Озодӣ

.

Коршиноси масоили исломӣ бар ин назар аст, ки «як қишри осебпазир дар муқобили даъватҳои мабнӣ бар дурӯғи мубаллиғони созмонҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» ҷавонони кӯҳистонианд, ки тоза бо муҳити шаҳр ошно шуда, қишри дигар муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошанд, ки низ таҳти таъсири даъватҳои авомфиребонаи чунин гурӯҳҳо қарор мегиранд».

Ба қавли Файзулло Баротзода, тарҳи «Хуросони бузург» – ба ном «вилоят» дар «хилофат»-и «Давлати исломӣ» як хатари умда барои Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа буда, ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии  пасошӯравист.

Номбурда дар ин робита ҳамчунин гуфтааст, матлаби онҳо ҳамчун як вилоят ё ноҳияи хилофати бузург ҷойгузин кардани минтақаи ҷуғрофиёии Хуросон маҳсуб ёфта, ин «вилоят» ба ғайр аз ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Иттиҳоди давлатҳои мустақил инчунин атрофи баҳри Хазар, қисмате аз Эрон, Афғонистон ва як қисмати Покистонро низ фаро мегирад.

«Ингуна густариш додани истилоҳи сиёсиву динӣ ба хотири омезиш додани минтақаҳои ороми собиқ Шӯравӣ бо минтақаҳои ноором ва хатарзои қисматҳои ҷанубии «Хуросони бузург» аст», – иброз доштааст ӯ.

Дар робита ба стратегияи давлатдории ин гурӯҳ Ф.Баротзода изҳор намудааст, ки «аслан дар истилоҳи сиёсиву иҷтимоии созмони террористии «хилофати ормонӣ» мафҳуми давлат, миллат ва фарҳанги алоҳида гунҷоиш надошта, онҳо тамоми миллатҳои ғайриарабро аслан эътироф намекунанд ва натанҳо ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷумҳуриҳои дигарро ҳамчун як унсури хурд ё қисмати таркибии ин ба ном «хилофати бузург»  донистанӣ ҳастанд».

Ба андешаи Баротзода, воситаи асосии ҷалби шаҳрвандони гумроҳ ва бахусус насли ҷавон дар шароити кунунӣ табодулоти бисёр васеъ ва тезтаъсири шабакаҳои иҷтимоии Интернет мебошад.

Маркази исломшиносӣ муассисаи илмиву таҳқиқотии назди президент буда, соли 2008 таъсис дода шудааст ва яке аз вазифаҳои асосии ин Марказ пажӯҳиши муҳити динӣ дар кишвар ва атрофи он аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.