Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро таҳия намуда, ба баррасии парлумон пешниҳод кард.
Мутобиқи ин тағйироту иловаҳо, барои ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳи алоқа ва телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ба муассисаҳои ислоҳӣ ва ба ихтиёри маҳбусон супурдани онҳо ҷаримабандӣ муқаррар шудааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, чунин тадбирҳо ба риояи чораҳои бехатарӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва пешгирии содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби маҳкумшудагон нигаронида шудаанд.
Зимнан зикр гардид, маблағи ҷарима дар ҳаҷми 1 ҳазору 200 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
