Ҷавонзан бо тифли нимсолааш худро ба Кофарниҳон афканд

Дар шаҳри Ваҳдат Мафтуна Раҳмонова, як ҷавонзан бо тифли нимсолааш худро ба дарёи Кофарниҳон афканд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 2 апрел рух дода, худи ҳамон рӯз наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро дар қаламрави деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт намудаанд, вале ҷасади кӯдак алҳол […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Ваҳдат Мафтуна Раҳмонова, як ҷавонзан бо тифли нимсолааш худро ба дарёи Кофарниҳон афканд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин ҳодиса рӯзи 2 апрел рух дода, худи ҳамон рӯз наҷотдиҳандагон ҷасади ӯро дар қаламрави деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт намудаанд, вале ҷасади кӯдак алҳол пайдо нашуда, ҷустҷӯи онро наҷотдиҳандагони вилояти Хатлон идома медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар прокуратураи шаҳри Ваҳдат аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 109 КҶ ҶТ (То ба худкушӣ оварда расонидан) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Наздикони зани ҳалокшуда гуфтаанд, мушкилоти хонаводагӣ, муноқишаҳои доимӣ бо шавҳар ва хешону наздикони ӯ ҷавонзанро ба худкушӣ водор сохтаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.