Имрӯз дар меҳмонхонаи Lotte ширкати LG Electronics (LG) қатори нави техникаи соли 2016-ро, ки OLED- телевизорҳои беназири экранаш 2,5 мм-и ба панели шишагӣ насбшуда, SUPER UHD ва UHD –телевизорҳо бо диагонали аз 43 то 86 дюйм ва қатори азнавшудаи Full HD телевизорҳоро дар бар мегирад, ба маъраз баровард.
Ҳамчунин қатори маҳсулоти аудио ва видео якҷоя бо минисистемаи пурқуввати DJ-эффектдори X-Boom, хати азнавшудаи моделии саундбарҳо, шабакаи нави мусиқӣ ва баландгӯякҳои беноқили сайёр барои намоиш пешкаш карда шуданд.
OLED
ва SUPER UHD ТЕЛЕВИЗОРҲОИ
LG
Ширкати LG бори дигар тасдиқ намуд, ки бо пешниҳоди моделҳои нави OLED- телевизорҳои 55-, 65- и 77-дюйдор бо экранҳои ҳамвору камоншакл, ягона истеҳсолкунандаи OLED-телевизорҳо барои доираи васеи истифодабарандагони бозори Русия ба ҳисоб меравад. Ҳамаи моделҳои OLED-телевизорҳо бо интиқоли олии рангҳояшон фарқ мекунанд. Ҳамаи моделҳои OLED-телевизорҳои қатори нав меъёрҳои навтарини HDR – Dolby Vision ва HDR10-ро дастгирӣ намуда, ҳамчунин шаҳодатномаи мувофиқати Dolby Laboratories ва UHD Альянсро доро мебошанд. Ҳамчунин OLED-телевизори LG бо аудиосистемаи бисёршабакавӣ муҷаҳҳаз аст, ки якҷоя бо ширкати harman/kardon® коркард гардидааст.
Дар қатори телевизорҳои SUPER UHD 4K, ширкати LG моделҳои бо дисплеи IPS 4K Quantum муҷаҳҳазшударо низ пешкаш намуд, ки бо интиқоли дақиқ ва мавҷудияти гаммаи васеи рангҳо фарқ мекунад. Моделҳои пешсафи ULTRA HD- телевизорҳои LG бо системаи бисёршабакавии пахши садои ULTRA Surround System ва баландгӯякҳо таҷҳизонида шудаанд, ки низ якҷоя бо ширкати harman/kardon® коркард гардидааанд. Моделҳои нави телевизорҳои LG-и соли 2016 дар заминаи системаи такмилёфтаи webOS 3.0. кор мекунанд.
Системаҳои нави
LG X-BOOM
Қатори навкардашудаи минисистемаҳои X-Boom бо воситаву вазифаҳои нав, ки барои ташкили шабнишинии калон пешбинӣ шудаанд, муҷаҳҳаз мебошанд. Воситаи «Акселератори шабнишинӣ» имконият медиҳад, ки тавоноӣ то ба 4800 Вт зиёд ва дурахшонии равшанидиҳанда то сатҳи ниҳоӣ баланд бардошта шавад. Модели CM9960 дорои вазифаи Cross Fader аст, ки барои сохтани микс аз ду оҳанг пешбинӣ шудааст. Имсол ширкат қатори маҳсулоти X-Boom Solo-ро пешниҳод намуд. Тамоми системаи функсионалии X-Boom- ин аудиосистемаи тавонои ба шакли амудӣ насбшуда, дар як қисмат ҷойгир карда шудааст.

А
УДИОСИСТЕМАи FH6
Боз як навгонии конфронси гузашта аудиосистемаи мусиқии FH6 бо имконияти насби амудӣ ва ё уфуқӣ буд. Садои пурқуввати 600 вт, 2 сабвуфер бо имконияти равшанидиҳӣ ба ҳар баландгӯяк, мавҷудияти караоке ва диҷей-имкониятҳо- ин фақат чанде аз имкониятҳои системаи FH6 мебошад!
Саундбарҳои
LG
Катори нави саундбарҳои ширкати LG бо дизайни минималистӣ ва истифодаи масолеҳи баландсифат фарқ менамояд. Технологияи ASC (назорати адаптивии садо), ки аз ҷониби LG коркард шудааст, сифати садопахшкуниро беҳтар мекунад. Технологияи LG Auto Sound Engine мувозинати суръати садоро муносиб менамояд. Хамаи навгониҳои имсола ба телевизор тавассути Bluetooth-и беноқил пайваст карда мешаванд.
Мониторҳои нав ва проекторҳои
LG
Ширкати LG Electronics IT-навигариҳояшро тавассути монитори камоншакли UltraWide бо формати 21:9-и экран ва иҷозати тасвири QHD, IPS-монитор бо иҷозати тасвири Ultra HD 4K ва IPS-монитори дисплеяш Infinity ба маъраз баровард.
Ба ғайр аз ин, дар намоишгоҳи LG ултра LED-проектори фокускутоҳ барои кинотеатри хонагӣ бо ТВ-тюнери рақамии насбшуда барои тамошо пешкаш гардид.
Муфассал дар сомонаи
http://www.lg.com/kz/press-releases/01042016pressrelease



