Ба 7 қонуни амалкунанда тағйирот ворид мешавад

Дар ҷаласаи навбатии санаи 6-апрели иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 7 қонуни кишвар дар назар аст. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар иҷлосияи оянда вакилон тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи навбатии санаи 6-апрели иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 7 қонуни кишвар дар назар аст.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар иҷлосияи оянда вакилон тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи молияи давлатии Тоҷикистон»-ро баррасӣ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, вакилон ҳамчунин тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси фазои ҳавоиро низ муҳокима хоҳанд кард.

Зимнан зикр гардид, ки дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон масъалаи тасдиқи Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2014-2015 низ баррасӣ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.