Ҳукми 16 соли зиндон ба як сокини Ӯзбекистон барои ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон

Радиои Озодӣ



Телевизиони давлатии Ӯзбекистон эълон кардааст, ки додгоҳии ҳарбии ин кишвар як сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

бо такя ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар як филми мустанад, ки шаби 4 апрел дар телевизиони давлатии Ӯзбекистон пахш шудааст, зикр гардидааст, ки ин мард аз авохири солҳои навади асри гузашта маълумоти арзишманд, аз ҷумла дар мавриди қисмҳои низомӣ дар ҷануби Ӯзбекистонро дар ихтиёри хадамоти маъсуси Тоҷикистон гузоштааст.

Ин навор “Хиёнаткор” ном дошта, дақиқ нагуфтааст, ки мурофиа кай ва дар куҷо сурат гирифтааст, аммо ба гуфтаи манбаъ, айдоршуда Шарифҷон Асроров, ки як марди миёнсол мебошад, дар ин навори телевизионӣ ба иттиҳомоти мазкур, “эътироф” кардааст.

Тибқи ин гузориш, Асроров бо ҳадамоти махсуси Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда ва дар мавриди мавқеи зиндонҳо дар Ӯзбекистон ва ҳамчунин қисмҳои низомӣ ва васоили мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва Бухоро маълумот ироа мекардааст. Тибқи ин гузориш, Асроров бо як шаҳрванди Тоҷикистон оила барпо кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди ин иддаои ҷониби Узбакистон, вокунише нишон надодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...