Яке аз кӯчаҳои пойтахт номи Суҳроб Шариповро гирифт

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе имрӯз дар бораи табдили номи як қатор кӯчаву хиёбонҳои шахри Душанбе қарор қабул карда, яке аз кӯчаҳои пойтахт номи сиёсатмадори варзидаи тоҷик Сӯҳроб Шариповро гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи ин қарор кӯчаи Шаумян дар ноҳияи Шоҳмансур, каме дуртар аз фурудгоҳ – ба кӯчаи Сӯҳроб Шарипов, собиқ […]



Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе имрӯз дар бораи табдили номи як қатор кӯчаву хиёбонҳои шахри Душанбе қарор қабул карда, яке аз кӯчаҳои пойтахт номи сиёсатмадори варзидаи тоҷик Сӯҳроб Шариповро гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе, тибқи ин қарор кӯчаи Шаумян дар ноҳияи Шоҳмансур, каме дуртар аз фурудгоҳ – ба кӯчаи Сӯҳроб Шарипов, собиқ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, кӯчаи ба номи Олег Кошевой – ба кӯчаи ба номи Ваҳҳобҷон Иномов, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, кӯчаи Таманно – ба кӯчаи Само, кӯчаи Добролюбов – ба кӯчаи Садоқат ва кӯчаи ба номи Глинка – ба кӯчаи Нурафзо табдили ном карданд.

Ёдрас мекунем, ки Сӯҳроб Шарипов рӯзи 19 январи соли 2015 пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар синни 52-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Тайи се соли ахири ҳаёташ ӯ ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.