Ҳукуматдорони Афғонистон иттилоъ додаанд, ки зимни амалиёти рӯзи 17 апрели нерӯҳои ҳукумат дар канораи шаҳри Қундуз яке аз қумондонҳои калидии ҳаракати Толибон Муҳиббуло Ҳақёр ва 7 тан аз ҷангиёни ӯ кушта шудаанд.
Маҳбубуллоҳ Соҳибӣ, вулусвол (ҳоким)-и Қалъаи Зол рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии
Радиои Озодӣ
ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, задухӯрд бо гурӯҳи Мавлавӣ Ҳақёр дар тақрибан 24-километрии марзи ин ноҳия бо Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи ӯ, азбаски Қалъа Зол як вулусволии аз маркази вилоят – шаҳри Қундуз дурафтода аст ва манотиқи ғайримаскунӣ зиёд доранд, вақте ҷангҷӯёни Толибонро аз саҳафоти дигари Қундуз танг мекунанд, онҳо ба инҷо паноҳ меоранд, вале шумори онҳо он қадр зиёд нест.
Ӯ ҳамчунин иброз доштааст, ки дар байни ҷангҷӯёни Толибон ҷангиён аз Тоҷикистону Узбакистон ҳам ҳастанд. Вале ба суоли Озодӣ, ки оё дар байни кушташудаҳои дирӯза ҳам ҷангҷӯён аз Осиёи Марказӣ буданд ё на, оқои Соҳибӣ гуфт, аз 8 ҷасаде, ки аз майдони ҷанг берун оварда шуд, то ҳол танҳо ҳуввияти фармондеҳи онҳо Мавлавӣ Ҳақёр шиносоӣ шудааст. Мавлавӣ Ҳақёр худ зодаи ҳамин минтақаи Қалъаи Зол буд ва дар ҷанубиши Толибон вазифаи минасозӣ дошт.
Вулусволии Қалъаи Зол дар дар рӯбарӯи мамнӯъгоҳи Бешаи Палангони ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар маконе ҷойгир шудааст, ки рӯдхонаҳои Вахшу Панҷ ба ҳам рехта, рӯди бузурги Амӯдарёро ба вуҷуд меоранд.
Мақомоти вилояти Қундуз гфтаанд, дар ҷараёни амалиётҳои рӯзҳои охир дар ин минтақа ба ҷуз аз Мавлавӣ Ҳақёр боз ду фармондеҳи дигари Толибон – Мулло Саддом ва Ҳабиб Насрӣ ҳам кушта шуданд. Насрӣ бо 5 нафараш дар маҳаллаи Ҷаргузари шаҳри Қундуз дар ҷараёни талоши нокоми Толибон барои тасарруфи дигарбораи маркази вилоят ва Мулло Саддом бо 8 ҷангҷӯяш дар минтақаи Катта-Хейл ба ҳалокат расонда шудаанд.





