Эҳтимоли имзои Шартнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Зимни суханронӣ дар чорабинии ҷашнӣ ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки дар сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов изҳори иттминон кардааст, ки созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар чорабинии ҷашнӣ ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки дар сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов изҳори иттминон кардааст, ки созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Душанбе ба имзо мерасад.

Ба гуфтаи ӯ, Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай ба тасвиб расида буд, ба имзои созишномаи сеҷониба миёни Чину Қирғизистон ва Афғонистон мусоидат намуд.

«Айни замон мо рӯйи имзои созишномаи ба ин монанд миёни Тоҷикистону Қирғизистон дақиқан кор мекунем. Дар ин марҳила аллакай қисмати зиёди марз мувофиқа шудааст. Моҳи майи соли равон сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар назар аст ва мо умедворем, ки дар он созишнома дар бораи марзи давлатӣ миёни кишварҳо ба имзо мерасад. Муҳимаш ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марз аст», – таъкид доштааст дипломат.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, президенти Қирғизистон рӯзи 12 май ба Душанбе ташриф оварда, ба ҷуз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи CASA-1000, ҳамчунин ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил дода, то ҳанӯз 567 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.