Мулоқоти дабири кулли КМО бо роҳбари Кумитаи тадорукоти Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё

Дар шаҳри Саппоро (Япония) перомуни баррасии масъалаи ҷараёни омодагӣ ба Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё семинари серӯза доир гардид, ки дар он дар баробари коршиносони навъҳои зимистонаи варзиш ва дигар ҷонибҳои манфитадор, роҳбарон ва намояндагони дастаҳои кишварҳои Осиё ширкат варзиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дабири кулли […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Саппоро (Япония) перомуни баррасии масъалаи ҷараёни омодагӣ ба Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё семинари серӯза доир гардид, ки дар он дар баробари коршиносони навъҳои зимистонаи варзиш ва дигар ҷонибҳои манфитадор, роҳбарон ва намояндагони дастаҳои кишварҳои Осиё ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи милии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон, Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ дабири кулли КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев ва директори кулли КМО ҶТ Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагӣ карданд.

Дар Саппоро Баҳрулло Раҷабалиев бо раиси Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин бозиҳоро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид тарафҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни КМО Тоҷикистон ва Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё тавофуқ ҳосил намуданд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои VIII зимистонаи Осиё соли 2017 дар шаҳри Саппорои Япония баргузор мешаванд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.