Пирӯзии дуюми шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии Тошканд

Шоҳмотбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбакистон, ки дар шаҳри Тошканд 26 апрел хотима ёфт, ғолиб шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гроссмейстери тоҷик аз 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард. Гроссмейстер Рауф Мамедов аз Озарбойҷон […]

ASIA-Plus



Шоҳмотбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбакистон, ки дар шаҳри Тошканд 26 апрел хотима ёфт, ғолиб шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гроссмейстери тоҷик аз 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст овард. Гроссмейстер Рауф Мамедов аз Озарбойҷон низ 7,5 имтиёз гирифтааст, вале аз рӯи нишондодҳои иловагӣ Фаррух Амонатов мақоми аввалро касб кард.

Гуфта мешавад, ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Аз ин пеш Амонатов соли 2008-ум ғолиб шуда буд.

Гроссмейстери байналмилалӣ Александр Зубарев (Украина) бо 7 имтиёз севум шуд.

Зикр мегардад, ки дар мусобиқаи Тошканд 118 шатранҷбоз ширкат дошт. Тоҷикистонро ҳашт шатранҷбоз намояндагӣ кард. Мусобиқа аз рӯи системи швейтсарӣ аз 9 давр иборат буд. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медлд, ки барои ҷойи аввал 4 ҳазор, ҷойи дувум – 3 ҳазор, ҷойи севум – 2 ҳазор доллар супурда шуд. Ҳамагӣ 12 ҷоиза таъсис ёфта буд. Инчунин беҳтаринҳо миёни занон, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, ки барои бори даҳум баргузор шудааст, гроссмейстерҳо аз кишварҳои мухталиф, аз он ҷумла Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ду бор ғолиб шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио