Ҳаким Фузайлов сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд



Собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи «Помир»-и Душанбе, муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ҳаким Фузаййлов сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, назди мутахассиси 51-сола вазифа гузошта шудааст, ки роҳ ёфтани мунтахаби Тоҷикистон ба даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиёро, ки соли 2019 дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, таъмин кунад.

Бозии нахустини мунтахаби Тоҷикистон тати раҳбарии Ҳаким Фузайлов 2 июни соли равон доир мегардад, ки дар ин бозӣ футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими Бангладеш қувваозмоӣ мекунанд. Бозии ҷавобӣ санаи 7 июн дар майдони ҳариф баргузор меешавад. Ғолиби ин ҷуфт ба ба мусобиқаи интихобии даври гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

«Талош мекунем, ки ба иҷрои ҳамаи вазифаҳои дар наздамон гузошташуда ва пеш аз ҳама роҳхат гирифтан ба Ҷоми Осиё-2019 ноил гардем. Мутмаинам, ки мунтахаби мо аз уҳдаи иҷрои ин вазифа комилан мебарояд», – гуфтааст Фузайлов ба сомонаи расмии ФФТ баъди таъин шудан ба ин вазифа.

Дар ҳамин ҳол, сармураббии нави мунтахаби футболи Тоҷикистон рӯзи 3 май ба намояндагони ВАО муаррифӣ мешавад. Нишасти хабарӣ бо иштироки ӯ дар толори конфронси ФФТ баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное