Ассамблеяи байнипарлумонӣ (АБП)-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҷиҳати пайгирӣ (мониторинг)-и баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон гурӯҳи нозиронро сафарбар мекунад. Нозиронро шахсан раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров даъват кардааст.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои ташкили гурӯҳи нозирон аз АБП ИДМ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, ба ҳайати он вакилони парлумони кишварҳои узви ИДМ, кормандони Котиботи Шӯрои АБП ИДМ ва коршиносони Пажуҳишгоҳи байнулмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви АБП ИДМ шомил хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, бо супориши раиси Шӯрои АБП ИДМ Валентина Матвиенко муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Эрмине Нагдалян ҳамоҳангсози ин гурӯҳ таъин карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ҷаласаи навбатии КМИР-ро доир намуда, дар он дар бораи бақайдгирии гурӯҳи навбатии нозирони байнулмилалӣ аз ИДМ ва АБП ИДМ қарор қабул шуд. Имрӯз 62 нафар намояндагон аз ИДМ, 29 нафар намояндагон аз АБП ИДМ ва 1 нафар намоянда аз Созмони ҳамкории Шанхай сабтином шуданд.
КМИР Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақавиро идома медиҳад.



