Оғози сафари расмии президенти Афғонистон ба Тоҷикистон

ASIA-Plus



Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон интихоб шуда, ин боздид нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аст.

Имрӯз сарвари давлати Афғонистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, сипас тибқи барнома гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор мешаванд. Ҳамчунин маросими гулчанбаргузорӣ назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва суханронии Ашраф Ғанӣ дар яке аз мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар назар аст.

Пас аз анҷоми расмиёти сафари расмӣ санаи 12 май президенти Афғонистон ҳамроҳ бо сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва нахуствазири Покистон дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) иштирок мекунад.

Дар 

маводи ВКХ Тоҷикистон

 доир ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон қайд мешавад, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурӯъ кард. Аввалин консулгарии Тоҷикистон дар ш. Толиқон, вилояти Тахор Афғонистон соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон 25 октябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001 ва 2006 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардидаанд.

Дар Тоҷикистон ҷамъ 85 ширкатҳои афғонӣ фаъолият мекунад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Афғонистонро беш аз 70 санади ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар ташкил мекунад. Дар соли 2013 барои шаҳрвандони Афғонистон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон 50 бурсия ҷудо шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...