Ҳалокати 3 нафар дар ду садамаи нақлиёт

ASIA-Plus



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сппаришуда дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт се нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 7 май ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, марди 45-солаи сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди деҳаи Ғажнии ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дохили дарёи Варзоб чаппа шуда, дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина, зани 30-солаи сокини ш.Душанбе дар дарё ғарқ ва ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар таваққуфгоҳи ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе писарбачаи 2-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба  ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...