Иқтисодчиёни маъруфи дунё ба барҳамдиҳии офшорҳо даъват карданд

ASIA-Plus



Ба андешаи коршиносон, барои мавҷудияти офшорҳо «асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад», вале дар ҳамин ҳол, иқтисодчиён эътироф мекунанд, ки аз байн бурдани минтақаи имтиёзҳои андозӣ кори начандон осоне хоҳад буд.

Хабаргузории «Мавҷи Олмон» (Немецкая волна) менависад, беш аз 300 нафар иқтисодчиён аз 30 кишвари ҷаҳон сарони кишварҳоро ба барҳамдиҳии офшорҳо даъват намудаанд, зеро ба андешаи онҳо, минтақаҳои дорои имтиёзоти андозӣ «ба ҳадафҳои иқтисодӣ нигаронида нашудаанд» ва ба «некӯаҳволии саросари ҷаҳон» чизе зам намекунанд.

Ин изҳоротро ВАО рӯзи 9 май дар остонаи конфронс оид ба мубориза бо коррупсия интишор карданд, ки баъди чанд рӯз дар Лондон бо иштироки сиёсатмадорон аз 40 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор доир мегардад.

«Аз байн бурдани офшорҳо осон нахоҳад буд, чунки ин ҷо манфиатҳои бузурги шахсии касоне ҷой дорад, ки аз вазъи ҷорӣ қаноатманданд», – гуфтаанд муаллифони даъват. Ба ақидаи онҳо, «барои мавҷудияти минбаъдаи офшорҳо «ҳеҷ гуна асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад». Миёни муаллифони муроҷиатнома дорандаи ҷоизаи Нобел оид ба иқтисод дар соли 2015 Ангус Дитон, собиқ сариқтисодчии Хазинаи байнулмилалии асъор Аливе Бланшар ва боз бисёре аз иқтисодчиёни маъруф ҳузур доранд.

Қобили зикр аст, ки баъди интишори «Авроқи Панама» ба офшорҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Миёни ин афрод аз нахуствазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон низ ном бурда шуда, зикр гардид, ки падари соли 2010 даргузаштаи ӯ як ширкати офшорӣ доштааст. Худи Кэмерон изҳор намуд, ки падараш аз пардохти андоз саркашӣ накарда, ширкатро «барои ҳадафҳои сармоягузорӣ» истифода мекард.


«Офшор»

, яъне берун аз соҳил ё ба маънои “ҷазира” – манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...