Афғонистон аз барқи лоиҳаи CASA-1000 даст кашид

ASIA-Plus



Вазири энергетикаи Афғонистон гуфтааст, ки кишвараш аз тарҳи CASA-1000 барқ нахоҳад гирифт ва танҳо нақши кишвари мунтақилкунанда (транзитӣ)-и барқ ба Покистонро иҷро хоҳад кард. Дар ин бора

Радиои Озодӣ

иттилоъ медиҳад.

Дар як ҳамоиши байналмилалии марбут ба хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Душанбе Афғонистон эълон дошт, ки аз ин хат нерӯи барқ намегирад ва танҳо ба ҳайси як кишвари мунтақилкунандаи барқ ба Покистон дар ин тарҳ ширкат мекунад.

Алӣ Аҳмад Усмонӣ, вазири энергетика ва обтаъминкунии Афғонистон, дар ҳамоиши байналмилалӣ дар бораи тарҳи CASA-1000 дар шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри рӯзи 11 май гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, аз ин хати баландшиддат барқ нагирад, чунки худаш мехоҳад, бо сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ мустақилона худро бо нерӯи барқ таъмин кунад.

«Агар мо аз нерӯи барқи CASA-1000 истифода мекардем, барои солҳои дароз мо бояд вобастаи барқи кишварҳои Осиёи Миёна мешудем. Дар сурате, ки мо худ аз захираҳои хеле саршори нерӯи барқ ва сармоягузорӣ бархурдорем. Мо ҳоло дар Афғонистон як плоне дорем, ки бояд ба самти худкифоии энержӣ бирасем», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли вазир, барои он ки Афғонистон аз нерӯи барқи ин хат баҳраманд шавад, таҷҳизоти хоси конвертор ва ё таҷҳизоти табдили нерӯи барқи доимӣ ба тағйирёбанда насб мешуд, ки нархи гарон дошт ва хароҷоти лоиҳаро гаронтар мекард ва аз ин рӯ кишвараш аз ин кор даст кашида, дар ин тарҳ танҳо ба унвони кишвари интиқолдиҳандаи нерӯи барқ ширкат мекунад.

Қаблан зикр гардида буд, ки амалисозии лоиҳа ба Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, ки дар ҳаҷми 1300 МВт нерӯи барқи зиёдатии худро ба Афғонистону Покистон интиқол диҳанд, ки аз ин ҳаҷм Афғонистон ҳудуди 300 мегаватташро харидорӣ мекунад.

«Агар имкони фаннӣ пайдо шуд, мо ин 300 мегаватт нерӯи барқро тариқи хатҳои мавҷуда аз Тоҷикистон дастрас мекунем. Агар ҳам ки нашуд, мо ҳоло аз Туркманистон як хатти баландшиддати 500 киловолт сохта истодаем ва агар бо ин кившар ба мувофиқа расем, аз он ҷо нерӯи барқ харидорӣ мекунем», – қайд кардааст вазири афғон.

Ӯ ҳамчунин таъкид доштааст, ки бархе ҷонибҳо аз амнияти хати CASA-1000 нигаронӣ мекунанд, вале ин нигарониҳо “беҳуда аст, чунки мардуми Афғонистон ба бунёди ин хат ҳавасманд ва манфиатдор аст ва суде, ки аз иҷрои ин тарҳ ба даст меояд, қисмате ба нафъи рушди ҷомеаҳои шафати ин хати барқ истифода хоҳад шуд. Ба таъкиди Усмонӣ, Афғонистон дар маҷмӯъ солона аз интиқоли барқ ба Покистон 45 миллион доллар фоида хоҳад дид.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 11 май ҷиҳати иштирок дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло ба Душанбе ома два дуар фурудгоҳ ӯро нахуствазири Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Дар мизи гирд бо иштироки вазирони энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва муовини вазири рушди иқтисоди Қирғизистон ҷузъиёти иҷрои тарҳи CASA-1000 шарҳ дода шуд.

Сунил Хосла, раҳбари лоиҳаи CASA-1000 аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ, ки аз сармоягузорини асосии ин тарҳ низ ҳаст гуфт, барои танзими кори ин хат як суратҳисоби вежаи бонкӣ боз хоҳад шуд. Вай афзуд: “Мо ба мувофиқа расидем, ки дар бонки як кишваре, ки шомили ин тарҳ набошад, суратҳисоб боз кунем. Пули тамоми сармоягузорони тарҳ дар он ҷамъоварӣ шуда аз он ҷо хароҷоти сохтмон пардохт мешавад. Баъди он ки ин хат ба кор даромад, доду ситади байни кишварҳо низ тариқи ҳамин суратҳисб иҷро мешавад.”

Имрӯз, 12 май дар шаҳри Турсунзода бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Покистон Навоз Шариф, раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдулло Абдулло ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 доир мегардад.

Сармоягузорони аслии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошанд.

Қобили зикр аст, ки нимаи дуюми моҳи марти соли равон дар мулоқот бо раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров президенти Покистон Мамнун Ҳусейн

изҳор дошта буд

, ки татбиқи лоиҳаи CASA-1000 марҳилаи муҳимест дар фаъол гардонидани муносибатҳои Покистону Тоҷикистон.

Қаблан сарони кишварҳои иштирокчии CASA-1000 

изҳор дошта буданд

, ки дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони хатти интиқоли барқ ва дигар зербинои ин лоиҳа дар Душанбе иштирок карданианд.

Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ Датка – Хуҷанд дар назар аст, ки низомхои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад. Ҳамчунин бунёди хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Пешовари Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар тамоми масофаи хатти интиқоли барқ зеристгоҳҳои табодули барқ насб мешаванд.

Оғози интиқоли барқ ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВТ дар як сол тариқи ин хат соли 2017 дар назар аст. Агар Афғонистон нерӯи барқи дар доираи лоиҳаи ҷудошуда дар ҳаҷми 300 МВт дар як солро истеъмол карда натавонад, онро Покистон дастрас хоҳад кард.

Амалисозии лоиҳа ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар як сол аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад. Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин амалисозии ин лоиҳа ба таҳияи механизмҳои савдои барқ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) низ мусоидат менамояд.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2020 дар назар аст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон – 314 млн., Қирғизистон – 209 млн., Афғонистон – 354 млн. ва Покистон – 209 млн. доллари ИМА.

Қобили зикр аст, ки Русия низ ба сохтмони лоиҳаи CASA-1000 

сармоягузор шуда метавонад

. Директори Фонди рушди энергетикӣ Сергей Пикин чанд рӯз қабл ба ВАО-и Русия дар ин робита 

иттилоъ дода буд

, ки айни замон лоиҳаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...