Тасаллияти президент ба наздикони кушташудагон дар оромгоҳи Маскав


Ҷасадҳои се шаҳрванди Тоҷикистон: Ризоев Иноятулло Қаноатович, соли таваллудаш 1978, Хушаков Суҳроб, соли таваллудаш 1994, Собиров Сайнуриддин соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 14-майи соли 2016, аз тарафи гурӯҳҳои авбошон дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Москва ба ҳалокат расидаанд, бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва идораву сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ

ба Ватан оварда шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вобаста ба қазияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият намудааст.

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди тафтиш қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода дар фурудгоҳи пойтахт бо наздикону пайвандони фавтидагон вохӯрда, ба онҳо тасаллият изҳор намудааст.

Рӯзи сешанбе сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ иттилоъ дод, ки аз 110 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар робита ба ин қазия 87 нафар раҳо шуда, 10 нафар тоҷикистониён то ҳанӯз дар муассисаҳои тиббӣ бистарианд. Се тан аз онҳо дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд.

Ӯ қайд кард, ки ҳангоми санҷишҳо мавридҳои поймолкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти пулис ба мушоҳида нарасидааст.

spot_imgspot_img

Популярное