Ифшои ҷузъиёти муноқиша дар оромгоҳи Хованское

Мақомоти тафтишоти машғул ба таҳқиқи ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав, ки ба куштору захмишавии одамон ва бетартибиҳои оммавӣ боис гардид, аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст. Дар ин бора имрӯз намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар додааст. […]



Мақомоти тафтишоти машғул ба таҳқиқи ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав, ки ба куштору захмишавии одамон ва бетартибиҳои оммавӣ боис гардид, аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст. Дар ин бора имрӯз намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин хабар додааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, Владимир Маркин изҳор доштааст, ки дар ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳ «ҳамааш маъмуливу оддӣ аст» ва аллакай ҷузъиёти равшану возеҳ ҳам мавҷуд аст, ки бар пояи тақсими соҳаҳои нуфуз асос ёфтааст.

«Ин ҷо корхонаи шаҳрдории «Ритуал» ва нархҳо ҷой дошта, одамоне ҳам ҳастанд, ки дар ҳеҷ куҷое ба қайд гирифта нашудаанд ва атрофи ин ташкилотҳои тиҷоратии зиёде вуҷуд доранд. Нархгузорӣ ба одамоне, ки ҳама корро «ғайриқонунӣ» иҷро мекунанд, бамаротиб арзон аст. Ҳудуди панҷ сол онҳо озодона фаъолият доштанд, хеҷ касе ба онҳо кордор набуд. Замоне Чабуев ба тоҷикон муроҷиат кард, то ки 50% маблағи тиҷораташонро ба ӯ диҳанд», – гуфтааст ӯ ба радиои «Вести-ФМ».

Ба гуфтаи номбурда, агар маъмурияти қабристон воқеъан ҳам бо тиҷорати ғайриқонунӣ мубориза оғоз карданӣ буд, ки айни замон ҳимоягарон дар ин бора мегӯянд, мебоист оид ба посбонии бояду шояд тадбирҳо меанешид ва бобати аз оромгоҳ рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд на ба дигар ҷинояткорон, балки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекард.

«Доир ба айбномаҳо (нисбати сардори оромгоҳ) дар ташкилу роҳандозии тиҷорати пасипардагӣ алҳол сухан намеравад, аммо дар ҷараёни тафтишот вазъ метавонад тағйир пазирад. Ман аз эҳтимол дур намедоннам, ки далелҳои тамаъҷӯӣ низ илова мешаванд», – илова кардааст Владимир Маркин.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл собиқ директори оромгоҳи Хованское

ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд.

Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.